Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду марзбони қирғиз дар Узбакистон


Дафтари матбуотии кумитаи ҳифзи марзҳои давлатии хадамоти амнияти Ӯзбакистон перомуни сабабҳои боздошти ду марзбони қирғиз изҳорот пахш кардааст.

Бино ба ин изҳорот, дар яке аз рустоҳои марзии ноҳияи Чусти вилояти Намангон, воқеъ дар қисмати шарқии ин кишвар, ду марзбони кумитаи марзбонии Қирғизистон мавриди боздошт қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ки лейтенант Мелис Приев ва сарбоз Нурҷаҳон Саримсоқов дар вайрон кардани марзи давлатии Ӯзбакистон муттаҳаманд.

Гуфтугӯ барои озодии боздошудагон идома дорад

Дар изҳороти кумитаи ҳифзи марзҳои давлатии Ӯзбакистон зикр шудааст, ки афсар ва сарбози хадамоти марзбонии қирғиз дар 500 метрӣ аз хатти марзи таъиншуда, ки марбути қаламрави Ӯзбакистон аст, гирифтор шуданд.

Тибқи як хабари дигар, дар миёни мақомоти хадамоти марзбонии Қирғизистону Ӯзбакистон масъалаи аз банд раҳо кардани чаҳор афсари хадамоти марзбониву гумрукии ӯзбек баррасӣ мегардад, ки 21-уми август аз тарафи марзбонони қирғиз ғайриқонунӣ боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, ҷониби қирғиз дар ивази аз банд раҳо кардани чаҳор афсар дар маҷмӯъ даҳ ҳазор доллари амрикоӣ подош талаб кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки 31-уми август дар марзи Қирғизистон -Узбакистон аз тарафи марзбонони узбек ду афсари хадамоти марзбонии Қирғизистон боздошт шудаанд ва то ба ҳол дар маҳали раёсати умури дохилаи вилояти Фарғона ба сар мебаранд.

Ба иттилои нашрияҳои электронӣ, яке аз ин афсарон мавриди латукуб қарор гирифта ҷароҳат бардоштааст.

Тоштемир Эшалиев, мудири шӯъбаи дифои ҳукумати вилояти Ботканд, ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки полковник Зиёдулло Бегматов ва подполковник Исматулло Анорбоев, ду афсари хадамоти марзбонии кишвараш, тибқи тавофуқи пешакӣ барои гуфтушунид бо марзбонони ҷониби Ӯзбакистон ба ҷои тайинкардаи онҳо ҳозир шудаанд.

Тоштемир Эшалиев мегӯяд, аммо ин гуфтушунид ба вуқӯъ напайвастааст ва ҳамтоёни ӯзбаки онҳо афсарони хадамоти марзбонии кишварашро дар вайрон кардани марзи Ӯзбакистон муттаҳам кардаанд.

Гуфта мешавад, ки дар ҳамин ҳол Зиёдулло Бегматов ва Исматулло Анорбоев барои бозпурсӣ ба раёсати умури дохилаи вилояти Фарғона интиқол ёфтаанд. Мавсуф гуфт, ки ба ин далел, раиси кумитаи марзбонии кишвараш ба Ботканд омад, то ки бо ҳамтоёни ӯзбаки худ вориди гуфтушунид шавад.

Аксуламали марзбонони узбак

Аммо Тоштемир Эшалиев дар робита ба сабабҳои боздошти ин афсарони қирғиз чунин гуфт, чанд рӯз пеш як афсари хадамоти амнияти Ӯзбакистон дар яке аз бозорҳои марбути Қирғизистон ҳангоми тиҷорати ғайриқонунӣ мавриди боздошт қарор гирифт.

Ин мақоми вилояти Ботканд афзуд, боздошти ду афсари қирғиз аксуламалест, ки маҳз дар муқобили боздошти чаҳор афсари амниятиву гумрукии Ӯзбакистон сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи коршиносони маҳаллӣ агар рафтуои афсарони хадамоти марзбонии қирғиз ва ӯзбак аз тариқи марзи ҳамдигар, ки рӯзмарра ба вуқӯъ мепайвандад, ҳамчун вайрон кардани марзи якдигар маънидод шавад, дар он сурат роҳи ягона барои рафтуои онҳо роҳи ҳавоӣ боқӣ мемонад.

Бояд тазаккур дод, ки ноҳияи Сӯхи Ӯзбакистон аз чаҳор самт дар иҳотаи Қирғизистон воқеъ гаштааст, вале мардуми чанд рустои марбути Қирғизистон фақат метавонанд аз тариқи марзи ноҳияи Сӯхи Ӯзбакистон ба минтақаҳои дигари Қирғизистон рафтуо кунанд.

Тибқи хабарҳои расида, дар деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯх, ки мардуми он низ чун рустоҳои дигари Сӯх тоҷиктабор ҳастанд, аз камбуди оби ошомиданӣ шикоят мекунанд.

Гуфта мешавад, марзбонони қирғиз, ки аз минтақаҳои мухталифи кишварашон барои адои хизмат дар рустоҳои Согмент ва Ғозу Кунгайтони вилояти Ботканд мустақаранд, дӯстиву рафоқати мардуми ду самти марзро халалдор месозанд.

Ин марзбонон пеши обро бастаанд ва бошандагони деҳаи Ҳушёрро нагузоштаанд, ки барои бастани об марзи онҳоро убур кунанд.

Бояд ёдовар шуд, ки пеш аз оғози даргириҳо дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолобод, вазъияӣ маҳз дар ин минтақаи вилояти Ботканд ва вилояти Ӯш ба ташаннуҷ рӯбарӯ шуда буд.

Гуфта мешавад, фақат натиҷаи гуфтушуниди тарафҳо буд, ки мардуми тоҷик ва қирғизи ин минтақаро аз ташаннуҷи авзоъ наҷот диҳад.
XS
SM
MD
LG