Обама порсол андаке пас аз он, ки раиси ҷумҳур шуд эълон кард, ки маъмурияти ҷангии Амрико дар Ироқ таърихи 31-уми августи 2010 поён хоҳад дод.
Обама ба ваъдааш вафо кард
Вай ки хитоб ба миллати Амрико сухан мегуфт, таъкид кард, ки ба ваъдаи интихоботӣ, ки дар ҷараёни интихоботии соли 2008 эълом карда буд ҷомаи амал пӯшонидааст.
Раиси ҷумҳури Обама гуфт ба эъзоми сарбозони изофӣ ба Афғонистон дастур дод то ҳаракати Толибон дарҳам бишканад ва афғонҳо битавонанд масъулияти амниятияшонро ба ӯҳда бигиранд.
Вай гуфт: "Дар Афғонистон ба эъзоми сарбозони изофӣ дастур додаам,ки таҳти раҳбарии генерал Давид Петреус, қумандони умумии нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон ба хотири дарҳам шикастани ҳаракати Толибон мубориза кунад."
Ҷаноби Обама афзуд: "Монанд афзоиши қувваҳо дар Ироқ, ин нерӯҳо барои як муддати маҳдуд дар Афғонистон хоҳанд монд ва ба афғонҳо фурсат диҳанд то зарфияитҳояшонро тақвият кунанд ва масъулияти таъмини амнияташонро дар оянда худашон ба ӯҳда бигиранд".

Дар ҳамин ҳол вазири дифоъи ИМА низ аз мардуми Амрико, ки аз ноҳияи ҷанги Афғонистон нигарон ҳастанд хост то аз сабру ҳавсала кор бигиранд.
Вай гуфт ИМА баъд аз 9 сол, манобеъи лозимро ба ҷанги Афғонистон, ки зери сояи ҷанги Ироқ монда буд, ихтисос хоҳад дод.