Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони эронӣ ва амрикоӣ ҳамдигарро табрик карданд


Аъзои дастаҳои миллии баскетболи Иёлоти Муттаҳида ва Эрон пас аз бозӣ дар сабқати қаҳрамонии ҷаҳонӣ дар Туркия ҳамдигарро табрик карданд. Иёлоти Муттаҳида дар нахустин бозӣ миёни дастаҳои миллии Амрико ва Эрон дар Истамбул рӯзи чаҳоршанбе бо ҳисоби 88:51 пирӯз омаданд. Ҳамчунин ин нахустин дафъаи ширкати дастаи Эрон дар сабқати ҷаҳонии баскетбол аст. Бозигарон ва мураббиён гуфтаанд, ба тавонмандиҳои варзишии ҳамдигар арҷ гузошта, рӯи сабқат итамаркуз карданд ва ихтилофоти сиёсии байни дастаҳои ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳида ва Эронро нодида гирифтанд.
XS
SM
MD
LG