Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1 миллиард доллар кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ ба Покистон


Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, кӯмакашро ба аҳолие, ки аз обхезиҳои мудҳиши Покистон осеб дидаанд, боз 100 миллион доллар афзоиш дода, ба 1 миллиард доллар мерасонад. Дар изҳороти Бонки Ҷаҳонӣ, ки рӯзи чаҳоршанбе дар Вошингтон мунташир шуд, гуфта мешавад, ин имдод барои расидагӣ ба ниёзҳои фаврии офатзадагон ва ҳам бозсозии дарозмуддат ирсол хоҳад гашт. Раиси Бонки Ҷаҳонӣ, Роберт Зеллик, ин пешниҳоди бонкро ба вазири молияи Покистон, Ҳафиз Шайх дар ҷараёни мулоқот бо ӯ дар Вошингтон расонд. Зеллик гуфт, Покистон барои расидагӣ ба ниёзҳои осебзадагон, аз ҷумла таъмини онҳо бо ғизо, об ва дорувор ба ин сармоя эҳтъиёҷ дорад.
XS
SM
MD
LG