Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифи “Амалиёти тулӯи тоза”


Имрӯз вазири дифои ИМА Роберт Гейтс ва муовини раиси ҷумҳурии Амрико Ҷо Байден дар маросими оғози барномаи нави мусоидати низомӣ ба артиши Ироқ зери унвони “Амалиёти тулӯи тоза” ширкат карданд. Оқои Байден зимни суханронии имрӯзааш дар Бағдод гуфт, ки дар равобити миёни Ироқу Амрико ҳамакнун марҳилаи тозае шурӯъ мешавад. Вай инчунин аз ҳукумати Ироқ даъват кард, ки ихтилофҳои худро канор гузошта барои ташкили ҳукумати нав талош кунанд:

“Ин кори мо нест, ки ба ироқиҳо бигӯем кӣ бояд давлатро раҳбарӣ кунад. Вале ман аз онҳо даъват мекунам, ки азми қавии мардуми худро ба инобат бигиранд, ки шароитро барои ташкили як давлат фароҳам овардааст. Ман эътимод дорам, ки онҳо базудӣ чунин хоҳад шуд”.

Маросими мазкур як рӯз баъди он баргузор шуд, ки раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама роҷеъ ба анҷоми расмии амалиёти низомии нирӯҳои кишвараш дар Ироқ хабар дод. Дар ҷараёни ин маросим генерал Рей Одиерно масъулияти фармондеҳии ҳудудан 50 ҳазор нирӯҳои амрикоии воқеъ дар Ироқро ба ихтиёри генерал-лейтенант Лойд Остин вогузор кард.
XS
SM
MD
LG