Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯҳантарин мактаб баста шуд


Кӯҳантарин мактаби шаҳри Кӯлоб пас аз 56 соли фаъолият барои аввалин бор сар аз 1-уми сентябр дигар хонандагонро ба оғуш нагирифт. Масъулини идораи маорифи шаҳри Кӯлоб мегӯянд, бо фармони Вазорати маориф ва қарори шаҳрдорӣ мактаби №4-и ин шаҳр бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талабот баста шудааст.

Ин субҳ волидону хонандагон бо нишони эътироз аз бастани мактаб назди ьинои он гирди ҳам омаданд.

«Ба кӯдаконамон хатар таҳдид мекунад»

Садаф Вафоева, як тан аз волидайни хонандагон мегӯяд, фарзандони онҳоро ба мактабҳое равон мекунанд, ки аз маҳаллӣ зисташон дур воқеъ гаштааст.

Вай афзуд: «Фарзандони моро мехоҳанд ба мактаби рақами 53 ва 3 равон кунанд, вале роҳ то онҷо дур буда, хонандагон маҷбуранд, чанд бор роҳи мошинро убур кунанд. Кӯдакони хӯрдсоли моро то он ҷо рафтан хатари зер кардани мошинҳо таҳдид мекунад».

Гавҳар Намозова, як модари дигар мегӯяд, ӯ бовар дорад, ки дар мактабҳои дигар фарзандонашонро хӯш қабул надоранд. Ӯ гуфт: «Мо аз ин норозием, ки фарзандҳои моро дур бурданд ва онҳоро аз ҳамсинфони худ ҷудо карданд. Мактабҳои дигар ҳам хонандаи бисёр доранд ва гумон надорам, ки фарзандони моро он ҷо хуш қабул кунанд. Агар нияти бастани ин буд, чаро мактаби нав насохтанд?».


Талаби волидон қонеъ шуд


Хонандагон низ барои ба мактаби дигар ба таҳсил рафтан хушҳол нестанд. Умед, хонандаи синфи панҷуми ин мактаб мегӯяд: «Хеле ғамгин шудем, вақте ки моро ба синфхонаҳоямон роҳ надоданд ва гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳоятонро гирифта ба дигар мактаб равед. Имрӯз зиқ шудам ва умуман ба дарс нарафтам».

Ҳабибулло Сангов, директори мактаби мазкур мегӯяд, «воқеан саҳар волидон эътироз доштанд, ки фарзандони онҳоро ҳангоми ба мактабҳои дуртар бурдан хатар таҳдид мекунад».

Аммо ӯ мегӯяд, маъмурияти мактаб ва масъулини маорифи шаҳр ваъда доданд, ки амнияти хонандагони хӯрдсолро дар роҳҳо таъмин хоҳанд кард.

Ӯ гуфт: «Аслан кори хуб нашуд, ки мактабро бастанд ва чандин муаллиму дигар коргарони мактаб бе ҷои кор монданд, вале чун тасмим заминаи воқеӣ дошт, мо ба волидон ваъда додем, ки кӯдакони то синфи 5-ро саҳар муаллимон то мактаб мерасонанд. Бозрасии давлатии автомобили шаҳр низ дар ин роҳҳо навбаттдор ҳам аз ҳисоби хонандаҳо ва ҳам аз ҳисоби кормандони худ мегузорад. Мо инро фаҳмондем ва волидон ором шуданд».

Бинои мактаб «Супермаркет»?


Бархе волидайни эътирозгар мегӯянд, овозае вуҷуд дорад, ки гӯиё бинои мактабро, ки дар наздики бозори марказии шаҳр воқеъ аст, нафаре аз сарватмандони шаҳр харидорӣ намуда, тасмим доранд, онро ба маркази савдо табдил диҳанд. Аммо Давлаталӣ Амиров, мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ин овоза асос надорад ва ин бино ҳамчун макони таълимӣ боқӣ хоҳад монд. Ӯ мегӯяд:

«Ҳамчун муассисаи таълимӣ ин аз байн намеравад. Ҳамчун муассисаи таълими таҳсилоти иловагӣ амал хоҳад кард. Дар ин ҷо хонандагони лаёқатмандро иловагӣ аз фанҳои дӯстдоштаашон дарс хоҳем дод. Имсолро соли фарҳангӣ техникӣ эълон кардаанд ва ба ин фанҳо дар ин бино мо хонандагонро бештар ҷалб хоҳем кард. Ин бино, муассисаи таълимӣ ва бо номи Сайфиддин Сангов боқӣ хоҳад монд».

Ягона мактаби куҳан

Мактаби рақами 4 ҳанӯз соли 1954 дар маркази шаҳри Кӯлоб бунёд ёфта буд ва ин ягона бинои мактабӣ қадима аст, ки то кунун боқӣ мондааст. Аз мактабҳое, ки дар ин шаҳр аввоили барпошавии ҳукумати шӯравӣ бунёд шуда буд, нишоне боқӣ намондааст.
Дар соли 2006 ҳангоми таҷлили ҷашни 2700 солагии Кӯлоб дар қисмати аъзами ин мактаб маҷмаъаи ёдгории 2700 солагии Кӯлоб бунёд намуда, саҳни онро ба маротиб кӯчак гардониданд. Ба гуфтаи масъулин дигар ин мактаб ягон ҷои фароғатӣ барои хонандагон надошт ва сабаби бастани он маҳз дар ҳамин буд.

Феълан бо бастани ин мактаб беш аз ҳазор хонандаи он ба 3 мактаби дигари шаҳр барои идомаи таҳсил фиристода шудааст.
XS
SM
MD
LG