Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари профессор И. Усмон ба паёмҳои президент


Иброҳими Усмон, устоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чанд мулоқоти ахираш бо мардуми кишвар пайваста таъкид мекунад, ки бояд ҳушу зеҳни ҷавонони мамлакат аз нуфузи тундгароии динӣ маҳфуз монад. Дар дидор бо донишҷӯёни рӯзи 1-уми сентябр дар шаҳри Душанбе Раҳмон гуфт, ҷавонон бояд ба найранги гурӯҳҳои иртиҷоӣ дода нашаванд.

Дар ин пайванд ӯ аз ҷанги солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон ёдовар шуд ва гуфт, дар ин нооромиҳо асосан ҷавонону наврасон кушта шуданд. Вай афзуд, ҳоло низ гурӯҳҳо ва созмонҳои фаъоли тундрав мехоҳанд, барои расидан ба аҳдофи худ аз ҷавонон истифода кунанд.

Пеш аз ин Раҳмон ба падару модарон муроҷиат карда буд, ки фарзандони худро аз мадориси динии хориҷӣ баргардонанд, зеро онҳо барои илм рафтаву аз хориҷа ҳамчун тундраву террорист бармегарданд. Оё заминаву моя ва ангезаҳои ин паёмҳои пайдарпаи Раисиҷумҳури Тоҷикистон чист ва ҷомеа ин даъватҳоро чӣ гуна мепазирад?

Бо ин пурсишҳо ба устоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, собиқ ходими давлатӣ ва ширкаткунандаи музокироти сулҳи тоҷикон, таърихнигор, профессор Иброҳими Усмон рӯ овардем ва ӯ дар посух чунин мегӯяд:

Шарҳҳоро бинед (15)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG