Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дар Тоҷикистон пойгоҳ таъсис доданӣ нест


Роберт Блейк, ёвари вазири хориҷаи Амрико баъди мулоқоти имрӯзааш бо президент Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ИМА дар андешаи таъсиси ҳеҷ як пойгоҳи низомӣ дар хоки Тоҷикистон нест. Дар сӯҳбат бо хабарнигорони маҳалливу хориҷӣ дар Душанбе имрӯз ӯ гуфт, ки аз ҷараёни ҳамкориҳои миёни ду ҷониб дар чаҳорчӯби машваратҳои солонаи байнидавлатӣ қаноатманд аст. Ин даври дуюми машваратҳои миёни мақомоти баландпояи ИМА ва Тоҷикистон аст, ки ба хотири тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба созмон дода шудааст. Оқои Блейк гуфт:

“Мо ӯҳдадор шудем, ки дар чаҳор самти афзалиятнок барои ҳарду ҷониб ҳамкориҳои худро тавсеа бахшем: ин масъалаҳои амниятӣ, пешрафти иқтисодӣ, демократии ҷомеа ва риояи ҳуқуқи инсон мебошанд”.

Вай афзуд, ки имсол ИМА мизони кӯмакҳои худ ба Тоҷикистонро дар бахшҳои мухталиф 10 дар сад афзоиш додааст. Шоми имрӯз мулоқоти оқои Блейк бо раиси ҳизби наҳзаи исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар назар аст.

XS
SM
MD
LG