Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯдгоҳи Айниро кӣ соҳиб хоҳад шуд?


Бархе аз таҳлилгарони Русия сафари ёвари вазири хориҷии Амрико Роберт Блейк ба Тоҷикистонро ба мулоқоти ахири раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия дар Сочӣ ва масъалаи фурӯдгоҳи Айнӣ рабт медиҳанд. Дар ин робита радиои Озодӣ бо Санавбар Шерматова, таҳлилгари умури сиёсӣ дар Русия, сӯҳбате орост.

-Дар бархе расонаҳо мавзӯъи истифода аз фурӯдгоҳи Айнӣ, воқеъ дар ғарби шаҳри Душанбе яке аз ҳадафҳои дигари сафари Блейк ҳам гуфта мешавад. Чун Русия низ манфиатдори истифода аз ин пойгоҳ аст ва гуфта мешавад дар мулоқоти ахири Раҳмон ва Медведев дар Сочӣ сари ин мавзӯъ тавофуқе низ сурат гирифтааст, оё фикр намекунед, ки инҷо метавонд як навъ бархӯрди манфиатҳо байни Русия ва Амрико дар Тоҷикистон пеш биояд?

-Фикр намекунам, ки манофеи Русия ва Амрико аз ҳам бурида шудааст. Ва ин ба маънии кадом як мухолифат нест, ки Амрико дар Тоҷикистон ҳузур ва таъсир дорад. Ин як чизи мантиқист. Зеро Тоҷикистон бо Афғонистон ҳаммарз аст ва раҳбарияти Русия инро хуб медонад. Ва инҷо сухан на аз суи тафоҳуми манфиатҳо, балки дар бораи ба ҳам омадани манфиатҳо меравад. Чун Русия ва Амрико ҳар кадом манфиатҳио худро доранд, Тоҷикистон кӯшиш мекунад то дар миёни ду бозигари минтақа манфиатҳои худро бароварда кунад. Аммо дар масъалаи фурӯдгоҳи Айнӣ Ҳинд ба унвони сармоягузори бозсозии он дар талоши ба даст овардани ҳаққи истифода аз ин пойгоҳ шуда буд, вале Русия ба он мухолифат нишон дод. Тоҷикистон низ дарк кард, ки агар Ҳинд соҳиби ин фурӯдгоҳ гардад, хотири Покистон ҳам озурда мешавад. Ман фикр мекунам, ки Душанбе дар назди Русия баъзе тааҳҳудот дорад, вале то кунун мисле ки ин уҳдадориҳо иҷро нашудаанд. Чун дар солҳои пеш тавофуқоте сурат гирифта буд, ки Тоҷикистон фурӯдгоҳи Айниро дар ивази тахсиси сармоя барои сохтмони Роғун ба Русия хоҳад дод. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба саҳҳомӣ набудани Роғун Русия чандон алоқаманди сармоягузорӣ ба он нест. Бо таваҷҷӯҳ ба ин муаммоҳо дар музокироти ахир дар Сочӣ сухан дар бораи фурӯши маҳсулоти нафтӣ барои Тоҷикистон бидуни пардохти боҷу хироҷи гумрукӣ рафт, ки шояд ин табодуле дар мавриди фурӯдгоҳи Айнӣ бошад. Ин имкон дорад, зеро расман чизе гуфта нашуд. Аммо мебинем муносиботи ду кишвар тамоюл ба сӯи беҳбудӣ дорад ва чунин ба назар мерасад, ки меҳмонони амрикоиро низ ин таҳаввул бе тафовут нагузоштааст ва онҳо мехоҳанд то ба муносибати Тоҷикистону Русия рӯйкард кунанд ва мушкилоти Афғонистонро низ ҳал кунанд.

-Ахиран Русия изҳори омодагӣ барои ширкат дар иҷрои тарҳи КАСА-1000 кард, ки далели манфиатдории Русия ба тарҳҳои энержии минтақа аст. То куҷо ин мавриди қабули Амрикост?

-Ман фикр мекунам, ки Амрико воқеан манфиатдори ширкати Русия дар ин тарҳ ҳаст. Ин тарҳ аслан дар замони ҳукумати Ҷорҷ Буши хурдӣ ба вуҷуд омад ва аз лиҳози тиҷорати нерӯи барқ хеле муҳим аст. Аммо тамомии нерӯгоҳҳо ва системаи сохтмон ва бунёди шабакаҳои барқӣ дар даврони Шуравӣ зербино шудаанд ва технология низ шӯравӣ - русӣ аст. Ва комилан ба технологияи Ғарб гузаштан имконнопазир аст, зеро маблағи ҳангуфте мехоҳад. Албатта, инҷо бозии сиёсӣ низ аст, чунки тарҳи КАСА–1000 метавонад дар бозиҳои сиёсии Русия дар Осиёи Марказӣ кумак кунад. Чун ин тарҳи бузурги минтақавӣ ва барои ҳама кишварҳои Осиёи Марказист. Муттаҳид кардани талошҳо ба манфиати ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам Русия ва ҳам Амрикост. Он ҷо, ки Русия ба иқтисоди Амрико халал намерасонад, Амрико низ осуда аст.

-Аммо дар ин авохир чунин ба назар мерасад, ки Тоҷикистон ҳимояти кофиеро аз Русия ва Амрико эҳсос намекунад ва бештар ба сӯи Эрон таваҷҷӯҳ дорад. Эрон то куҷо дар муносиботи Тоҷикистон бо Амрико метавонад монеае бошад?

-Фикр намекунам , ки равобит бо Эрон дар муносиботи Тоҷикистон бо Амрико таъсир дошта бошад. Зеро ҳамкориҳои Эрон бо Тоҷикистон бештар ҷанбаи фарҳангӣ дорад ва муштаракоти забониву динӣ онҳоро бо ҳам наздик месозад. Аммо дар маҷмӯъ ҳеҷ гуна ҳамкорӣ ва тарҳи бузурге, ки тавонад ба манфиатҳои Амрико халал расонад, нест ва буда ҳам наметавонад. Албатта, фишори ҷомеаи байналмилалӣ Эронро водор месозад, то Эрон дар минтақаи Осиёи Марказӣ шарики боэътимод дошта бошад. Аммо феълан дар ин равобит намоишкорӣ бештар аст, то кори ҷиддӣ. Шояд дар оянда кадом як тарҳи бузург аз сӯи Эрон дар Тоҷикистон амалӣ шавад, аммо то ҳол чизе нест. Аз ин рӯ, ба манофеи Амрико дар Тоҷикистон дахолате нашудааст. Аммо Амрико дар Тоҷикистон бештар мутаваҷҷеҳи ду бозигари дигар - Русияву Чин аст. Тоҷикистон бошад бо сиёсати дарҳои бозаш эҳтиёткорона рафтор мекунад ва дар муносибат бо дигар кишварҳо, ба хусус қудратҳо талош мекунад, то тавозунро нигаҳ дорад.
XS
SM
MD
LG