Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Э.Раҳмон бо намояндаи вижаи НАТО


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мулоқот бо намояндаи вижаи Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ, НАТО, барои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, Роберт Симмонс дар Душанбе масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа ва авзоъ дар Афғонистонро баррасӣ мекунад. Пеш аз ин гуфтушунид Симмонс бо вазири умури хориҷӣ, Ҳамроҳхон Зарифӣ ва муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон Рамил Нодиров дидор ва музокирот дошт. Эҳтимол меравад, дар ин нишастҳо ҳамчунин масъалаи густариши ҳамкориҳои НАТО ва Тоҷикистон низ баррасӣ шавад. Тоҷикистон узви барномаи НАТО -- мушоракат барои сулҳ аст ва ҳамчунин фурудгоҳи байнулмилалии худро барои таъмин ва такмили амалиёт дар Афғонистон ба ихтиёри нерӯҳои паймон гузоштааст.
XS
SM
MD
LG