Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қандаҳор Сталингради шӯравӣ ва Фалуҷаи Ироқ намебошад"


Вилояти Қандаҳор аз оғози ҷанг дар Афғонистон минтақаи нуфузи Толибон ва аз пойгоҳҳои муҳими онҳо барои баргашт ба қудрат маҳсуб шудааст. Ин вилоят дар ин авохир шоҳиди хунбортарин даргириҳо бо шӯришиёни толиб будааст.

Дар ҳоли ҳозир нерӯҳои амрикоӣ ва эътилофӣ бо ҷангсолорони маҳаллӣ ҳампаймон ҳастанд ва бар марокизи шӯришиёни толиб дар боғҳои минагузоришуда ва токистонҳо ҳуҷум мебаранд.Ҷанги Қандаҳор барои стротежии низомии Амрико дар Афғонистон ҳалкунанда ва меҳварӣ маҳсуб мешавад.

Амалиёти сарнавиштсоз

Хабаргузории Ассошиетед Пресс дар ин бора менависад: «Бархе аз низомиён, ҷанги Қандаҳорро барои Афғонистон сарнавиштсоз медонанд».

Аммо ҳама бо ин назар мувофиқ набуда мегӯянд, ки пирӯзӣ дар ҷанги Қандаҳор мунҷар ба хотимаи ҷанг дар саросари Афғонистон намешавад.

Онҳо мегӯянд, ки пирӯзӣ дар ҷанги Қандаҳор тазмин шуда наметавонад. Мушкилоти бисёр вуҷуд дорад ва пирӯзӣ дар Афғонистон ба чизе, ки дар Қандаҳор рух медиҳад вобаста набуда балки марбут ба тасмимҳои сиёсии Вошингтон мебошад.

Як маъмури идораи маркази истихборотии Амрико, ки таҷрибаи корро дар минтақа дорад ба хабаргузории Ассошитед Пресс гуфтааст, ки қоил шудани аҳамияти беш аз ҳад ба ҷанги Қандаҳор ношӣ аз тарзи тафаккури низомии ғарбӣ буда, ки бо шароити Афғонистон созгор нест.

Вай меафзояд, агар амнияти Қандаҳор таҳким шавад боз ҳам эҳтимол дорад, ки ҷанги Афғонистон дар маҷмӯъ ба нокомӣ мунҷар шавад.Чун нақши ҳукумат дар ҷанги Афғонистон заиф буда ва тасаллути ҳукумати Кобул ба вилоятҳо заиф мебошад.

Қандаҳор муҳим аст вале ҳама чиз нест

Ин хабаргузории меафзояд: "Дар ин ҷои шакке нест, ки Қандаҳор аҳамияти босазое дорад. Шаҳри Қандаҳор бо панҷсад ҳазор аҳолии худ дуввумин шаҳри бузурги Афғонистон маҳсуб мешавад ва пойтахти зимомдории Толибон дар собиқ будааст".

Усоба бин Лодин, роҳбари шабакаи Ал-Қоида ҳангоми ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 бар Амрико, аз Қандаҳор ба ҳайси пойгоҳ истифода карда буд ва акнун ҳам яке минтақаҳои ҳузури қавии шуришиёни толиб дар Афғонистон мебошад.

Фармондеҳи бритониявии нерӯҳои НАТО дар ҷануби Афғонистон дар ин авохир ба хабарнигорон гуфт: «Пирӯзӣ дар Қандаҳор таъсири умда бар тамоми минтақаи ҷануб хоҳад дошт. Қандаҳор як мавқеъияти муқаддас ва равонӣ назди паштунҳо дорад».

Аммо дигарон ба ин боваранд, ки Қандаҳор ва манотиқи атрофи он таваҷҷуҳи низомиёнро беш аз ҳад саргарм сохтааст, дар ҳоле, ки шӯришиён дастовардҳое дар манотиқи дигаре ҳам доранд ва ҷанги Афғонистон ба назари бархе аз низомиёни амрикоӣ бояд деҳа ба деҳа ва дара ба дара пеш бурда шавад.

Адмирал Майк Муллин, дар ин авохир пешбинӣ кард, ки шӯришиён нуфузи худро ба як саввуми вулусволиҳои Афғонистон густариш додаанд.

Фармондеҳони низомӣ мегӯянд, амалиёти Қандаҳор, ки «Ҳамкорӣ барои Қандаҳор» ном дорад як амалиёти маъмулӣ набуда балки як мавҷи таҳоҷумии оҳиста мебошад, ки қувваи низомӣ дар он нақши дуввумдараҷа ифо мекунад.

Қарор аст бисту панҷ ҳазор аскари НАТО ва афғон тайи амалиёт дар шаҳри Қандаҳор ва манотиқи атрофи он мустаққар шаванд.

Фармондеҳи бритониявии нерӯҳои НАТО дар ҷануби Афғонистон мегӯяд: «Қандаҳор Сталингради шӯравӣ ва Фалуҷаи Ироқ намебошад.Ҷанги мо барои ҳукуматдории солим ва мубориза алайҳи гурӯҳҳои мафиёи ва ошӯбгарон аст. Мо замоне пирӯз мешавем, ки мардум аз як идораи солими давлатӣ бархурдор бошанд».
XS
SM
MD
LG