Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯгоҳи "Қамбарота -2" ба кор даромад


Рӯзи душанбе, 30 август чархаи нахустини нерӯгоҳи барқи обии "Қамбарота -2" дар рӯдхонаи Норин, воқеъ дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими баҳрабардорӣ аз ин агрегат Роза Отунбоева ширкат ва суханронӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ, ба анҷом расидани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Қамбарота-2" эҳтиёҷи мардуми як вилояти бузурги кишварашро бо нерӯи барқ комилан бароварда хоҳад сохт. Раиси ҷумҳурии Қирғизистон аз соатҳо хомӯш шудани барқ ёдовар шуд, ки дар солҳои ахир ба ҳукми анъана даромадааст.

Отунбоева гуфт, бебарқӣ мушкилоти зиёдеро дар ҷомеаи кишвараш эҷод кард. Ба таъкиди ӯ, бо вуҷуди он ки мардуми Қирғизистон хомӯш кардани барқро дар даврони шӯравии собиқ надида буд, вале боз ҳам таҳаммул намуд ва одат кард.

Роза Отунбоева тазаккур дод, ки бар асари хомӯш кардани нерӯи барқ барои чанд соат шаҳрҳо ба торикистон мубаддал шуданд ва 800 мактаби таълимоти ҳамагонӣ аз фаъолият бозмонданд.

Дар маросими ба кор даровардани агрегати нахустини нерӯгоҳи барқи обии "Қамбарота-2" намояндагони корпусҳои диплоатии муқими Бишкек, созмонҳои байналмилалии молӣ ва гурӯҳи хабарнигорони дохиливу хориҷӣ ҳузур доштанд.

Ботирқул Баетов, котиби вазорати нерӯи барқи Қирғизистон тайи як сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ба кор даромадани агрегати аввали ин нерӯгоҳ дар як сол 500 то 700 миллион киловатт-соат нерӯи барқ тавлид хоҳад кард.

"Қабарота -2 бо сармояи Русия"

Вай афзуд, ки агар се агрегати ин нурӯгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад, ҳаҷми тавлиди нерӯи барқ ба 1 миллиард киловатт соат хоҳад расид. Ботирқул Баетов мегӯяд, ҳамчунин ба кор даромадани агрегати аввал беш аз як миллиарду дусад миллион мукааб метр оби сарбанди Тухтагулро ба таври изофа захира хоҳад кард.

Ба таъкиди котиби вазорати нерӯи барқи Қирғизистон нерӯгоҳи барқи обии "Қамбарота-2" аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ ва қарзи боимтиёзи Русия бунёд шудааст. Вай гуфт, ки барои ба кор даровардани агрегати нахустини ин тарҳи бузург дар муддати се соли ахир дар ҳудуди даҳ миллиард сом, муодили 220 миллион доллари амрикоӣ харҷ гардид.

Қирғизистон кишварест, ки дар болооби рӯдхонаи Сирдарё, ва яке аз шохаҳои калони он-рӯдхонаи Норин ҷой гирифтааст. Дар болои ин рӯдхона дар маҷмӯъ ҳафт нерӯгоҳи барқи обӣ бунёд шудааст, ки беш аз навад дарсади нерӯи барқи Қирғизистонро тавлид мекунанд.

Ин тарҳ барои минтақа чӣ аҳамият дорад?

Гуфта мешавад, ки ин кишвар соле то 14 миллиард киловатт соат нерӯи барқ тавлид мекунад ва қисмати аъзами барои эҳтиёҷи дохилӣ ва қисми боқимонда ба кишварҳои ҳамҷавори он содир мешавад.

Қодиршои Мурувват, як коршиноси масоили минтақаӣ дар ин маврид мегӯяд: «Ба кор даромадани агрегати нахустини нерӯгоҳи барқи обии "Қамбарота -2" дар баробари аҳамияти иқтисодӣ ҳамчунин аҳамияти сиёсӣ низ дорад, зеро ин нерӯгоҳ дар шароите бунёд мешавад, ки баъзе кишварҳои минтақа алайҳи сохтмони ин гуна нерӯгоҳҳо садо баланд мекунанд. Ба ақидаи ман иҷрои ин тарҳи иқтисодӣ дар баробари зарфияти тавлидии Қирғизистон бо нерӯи барқ, ҳамзамон имкон медиҳад, ки хатҳои баландшиддати сохташаванда дар Тоҷикистони ҳамҷавор аз ҳисоби содироти нерӯи барқ, ки дар "Қамбарота-2" ва "Қамбарота -1" тавлид мешаванд, таҳти истифода қарор бигиранд ва барқи изофии минтақаро ба кишварҳои Осиёи ҷанубӣ интиқол диҳанд».

Вай афзуд, ки Роза Отунбоева, президенти Қирғизистон, зимни мусоҳиба бо ҳафтаномаи «Азия Плюс»- чопи Душанбе таъкид кардааст, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон дар соҳаи тавлиди нерӯи барқ ва истифодаи одилонаи захираҳои обу барқи минтақа аз як равзана назар мекунанд.
XS
SM
MD
LG