Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қиёми рӯз"-ро имрӯз дар Маскав намоиш медиҳанд


Шоми имрӯз дар Кохи синамои Маскав филми ҳунарии “Қиёми рӯз”-и коргардони тоҷик Носир Саидов намоиш дода хоҳад шуд. Ин филм достони ду ошиқест, ки дар пайи фурӯпошии Шӯравӣ дар ду сӯи марз мондаанд. Намоиши “Қиёми рӯз” дар чаҳорчӯби ҳамоиши 14-уми синемаҳои миллӣ, ки рӯзи 28 август дар пойтахти Русия оғоз ба кор кард, сурат мегирад.
“Қиёми рӯз”-и Носир Саидов дар моҳи сентябр дар Анапа дар ҷашнвораи “Киношок –2010” низ ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG