Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии ҳуқуқи башари қазоқ ба 10 рӯз маҳкум шуд


Додгоҳи шаҳри Қоқчетав дар шимоли Қазоқистон ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар Вадим Курамшинро дар авбошӣ муҷрим шинохта, ба 10 рӯзи зиндон маҳкум кард. Курамшин, ки худ собиқаи маҳбусӣ дорад, бештар мушкилоти зиндонҳои Қазоқистонро матраҳ мекард.
Курамшин ба таҳқири лафзии нафаре бо номи Денис Ситско ҳукми зиндон гирифт. Виктор Новиков, аз раҳбарони ҳизби сабтиномнашудаи Олға дар Қоқчетав гуфт, додситон ибтидо мехост Курамшинро ба латукӯби Ситско айбдор кунад, вале ба далели камбуди шавоҳид бо таҳқир иктифо кард.
XS
SM
MD
LG