Ин бозиҳо таҳти сарпарастии Созмони байнулмилалии «СпортАккорд», ки фаъолияти он ба рушди варзиш дар тамоми ҷаҳон равона шудааст, то 4-уми август идома хоҳанд кард.
Ба барномаи бозиҳо 13 намуд, мисли айкидо, бокс, бокси тайландӣ, гуштӣ, дзю-до, каратэ, кендо, кикбоксинг, самбо, сумо, таеквон-до, ҷиу-ҷитсу ва ушу дохиланд.
Маҳмуди Абдуллоҳ, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо дар ду намуд – гуштии самбо ва бокс ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Вай афзуд: «Дар сабқати гуштии самбои варзишӣ байни мардон Пӯлодҷон Солеҳов дар вазни то 90 килограмм ва дар ин навъи рақобатҳо миёни занон Дилбар Султонова дар вазни то 64 килограмм ҳунарнамоӣ мекунанд».
Ба гуфтаи Маҳмуди Абдуллоҳ, дар нахустин Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ дар Чин, инчунин, 6 муштзан қувваозмоӣ хоҳанд кард, ки байни онҳо ширкаткунандагони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов ҳастанд. Ба дастаи муштзанҳои Тоҷикистон Мирзо Шамсиев, мураббии варзидаи бокс, раҳбарӣ мекунад.