Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарвоз: Садама ҷони ҳафт нафарро гирифт


Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Дарвоз - Кӯлоб, дар маҳалли Кӯфоби ноҳияи Дарвоз, ронандаи мошин ва шаш мусофири савори он ба дарёи Панҷ афтода ва ҷони худро аз даст додаанд. Ҷасанди як мусофир аз об берун оварда шудааст. Бино ба хабарҳо, ин мошин ба идораи Бунёди Оғохон дар Бадахшон тааллуқ дорад.

Бинобар иттилои мақомоти раёсати корҳои дохилии Бадахшон то ба ҳол ҷасади як нафар зан ёфт шудааст, ки онро шаҳрвандони Афғонистон дар он тарафи соҳили дарёи Панҷ пайдо кардаанд. Дар байни ҳалокшудагон се зан ва чаҳор мард будаанд.

Гуфта мешавад, ҷасади як савори ин мошин дар он сӯи рӯдхонаи Панҷ, дар Афғонистон ёфт шудааст. Бино ба бархе хабарҳои дигар, ҳанӯз ҷасади бархе аз мусофирон аз об берун оварда нашудааст.

Роҳҳои интизори таъмири Бадахшон

Қаблан низ дар деҳаи Вазнавди ноҳияи Рӯшони дар натиҷаи сангрез ва бархурдани санг ба чархи як мусофирбар он аз роҳ берун шуда, ба оби рӯди Панҷ афодааст ва 6 савори он дар дарё ғарқ шуданд.

Пеш аз он ҳам дар маҳалли Хобу Руботи ноҳияи Дарвоз кандашавии кӯҳпора автомашинаи сабукраверо, ки аз Душанбе ба ноҳияи Ванҷ мерафт, ба дарё андохт, ки 8 нафар сарнишини он ҳалок шуданд.

Дар соли гузашта лағзиши санг ва бархӯрдани он ба автомашинаи сабукрав дар маҳалли Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа ҷони директори мактаб ва ронандаро рабуд.

Муовини сардори идораи роҳҳои Бадахшон Дилшодбек Қосумбеков гуфт, ки роҳҳои нақлиётӣ дар Бадахшон бештар аз 2,5 ҳазор километр тӯл мекашанд. Вай баён дошт, ки 60 дар сади тали роҳҳо барои сафар хатарнок арзёбӣ мешаванд ва таҳдиди ҳамешагии тарма, сел ва сангрез мусофиронро дар ҷодаҳои Бадахшон ҳамеша дунболагир ҳастанд.

Амалисозии барномаи куллан бехатаргардонии роҳҳои Бадахшон ба миллиардҳо сомонӣ зарурат дорад.

Аз оғози сол то ба ҳол дар ҷодаҳои Бадахшон бар асари садамаи нақлиётӣ 19 нафар ҷонаш дода ва 33 тан ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG