Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 12 ошӯбгар ва 5 корманди милиса дар Чеченистон


Бар асари задухӯрди мусаллаҳони мухолифи ҳукумат ва нерӯҳои интизомии ҷумҳурии Чеченистони Русия дар канори деҳаи Сенторой 2 ошӯбгар ва панҷ корманди милиса ба ҳалокат расиданд. Гуфта мешавад, ки рӯзи якшанбе тақрибан 30 ошӯбгар ба ин деҳа, ки зодгоҳи раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров мебошад, ҳамла карданд. Ба иттилоъи хабаргузории РИА-Новости, дар ин задухӯрд ҳамчунин 17 корманди милиса ва ҳафт сокини осоишта маҷрӯҳ шудаанд. Аз ин пеш Рамазон Қодиров аз ҳалокати ду корманди хадамоти амниятии худ ва ҷароҳат бардоштани ду нафари дигари онҳо хабар дода буд. Ба гуфтаи ӯ, бар асари ин ҳаводис чаҳор сокини осоишта ҳам маҷрӯҳ шуданд. Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи сомонаи “Кавказ-сентр”, дар ҳамла ба деҳаи Сенторой 60 мусаллаҳи гурӯҳҳои Меҳрон, Заурбек ва Абдураҳмон ширкат кардаанд. Дар задухӯрдҳо, навиштааст “Кавказ-сентр”, тақрибан 15 нафар аз ҷонибдорони Қодиров кушта шуданд. Чанд мошини низомӣ ба оташ кашида шуд ва ошӯбгарон миқдори бузурги силоҳро бо худ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG