Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти мухолифони Обама дар маркази Вошингтон


Даҳҳо ҳазор нафар рӯзи шанбе дар баробари Ёдгории Линколн дар Вошингтон даст ба тазоҳурот заданд. Гирдиҳамоӣ бо ташаббуси муҷрии телевизиони муҳофизакори Фокс ТиВи Глен Бек созмон ёфт, ки шунавандагонро аз саросари Амрико ба Вошингтон даъват кард, то "ифтихори амрикоиро дубора эҳё кунанд." Дар байни нотиқони ҳамоиш номзади ҷумҳурихоҳон ба мақоми ноиб-президенти Амрико дар интихоботи соли 2008 Сара Палин ҳам буд. Бархе аз чеҳраҳои Иёлоти Муттаҳида созмондиҳандагонро зери танқид гирифтанд, ки тазоҳуроти худро дар солрӯз ва макони суханронии таърихии Мартин Лютер Кинг, "Ман орзуе дорам" дар 47 соли пеш баргузор кардаанд.
XS
SM
MD
LG