Ҳарбиёни НАТО дар Афғонистон мегӯянд, 10 ошӯбгаре, ки бомдоди имрӯз ба ду пойгоҳ дар шарқи Афғонистон ҳамла кардаанд, кушта ва 5 нафари онҳо асир афтодаанд. Ягон сарбози НАТО ё давлати Афғонистон дар ин даргирӣ осеб надидааст.Толибон масъулияти ҳамла ба Пойгоҳи идораи амалиёти ҳарбии Салерно дар Хост ва Бошишгоҳи Чапман дар наздикии онро бар дӯш гирифтаанд. Сардори полиси маҳаллӣ, Абдулҳаким Исҳоқзиё гуфт, шумораи умумии ҳамлаварон дар ду ҳодиса 48 нафар будааcт. Сухангӯи Толибон, Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, дар ин даргириҳо 18 сарбози хориҷӣ кушта шудаанд.