Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо ҳазор тани дигарро дар Покистон мекӯчонанд


Покистон дирӯз дар вокуниш ба обхезиҳои ҷадид дар рӯди Ҳинд ҷиҳати кӯчонидани ҳудуди 400 000 сокини минтақаҳои Суҷавол, Доро ва Мирпури вилояти ҷанубии Синд дастур дод. Солиқ Форуқӣ, раҳбари бахши вилоятии Ожонси миллии мубориза бо офоти табиӣ гуфт, бисёре аз сокинони рустоҳои ҳавзаи рӯди Ҳинд алакай кӯчидаанд, вале боз ҳам ҳазорон нафари дигар дар манотиқи селзада боқӣ мемонанд.
Обхезиҳои як моҳи ахир дар Покистон ба беш аз 17 миллион нафар, аз ҷумла ба ҳудуди 4 миллион танҳо дар вилояти Синд, асобат карда, беш аз 1500 кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG