Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба дуздии 1 миллион $ айбдор шудани мудири корхона


Додситонии вилояти Суғд мудири кулли корхонаи маъданҳои воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба сирқати қариб 1 миллион доллар айбдор мекунад. Тафтишот мегӯяд, ки ӯ аз соли 2007 ба ин сӯ бо истифода аз мақом ва бо сохтани асноди ҷаълӣ даст ба хазинаи корхона задааст.
Дар моҳи июл бахши суғдии Ожонси зиддифасод алайҳи муовини собиқи сарвазири Тоҷикистон, раҳбари корхонаи ”Заря Востока”-и шаҳраки Табошар Абдураҳим Расулов низ парвандаи ҷиноӣ боз карда буд. Расулов ҳамроҳ бо сармуҳандис ва 5 мақоми дигари ин корхона ба сирқати беш аз 400 000 доллар аз суратҳисобҳои “Заря Востока” бо истифода аз асноди ҷаълӣ муттаҳам мешаванд.
XS
SM
MD
LG