Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори нигаронии ИА дар бораи ихроҷи лӯлиҳо


Вазири адлияи ИА Вивиан Рединг дар бораи шеваи ихроҷи лӯлиҳо аз Фаронса изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, дафтари ӯ мутобиқати ин амал бо қонунҳои Иттиҳодияи Аврупоро таҳқиқ хоҳад кард. Хонум Рединг гуфт, ҳарчанд таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аз масъулиятҳои кишварҳои узви ин созмон аст, вале кишварҳои узв бояд қоидаҳои ИА дар мавриди равуои озоди мардумро низ эҳтиром гузоранд.
Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ бо изҳори нигаронӣ аз вазъи ҷиноӣ дастури ихроҷи лӯлиҳои омада аз Аврупои шарқиро содир кард. Аз поёни моҳи июл ба ин сӯ, аз Фаронса беш аз 680 лӯлиро ба Руминияву Булғористон ихроҷ кардаанд.
XS
SM
MD
LG