Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Олимпиадаи наврасон бо 2 нишон баргашт


Ҳунарнамоии тими Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии навҷавонон дар Сингапур ба поён расид. Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 6 нафар намояндагӣ мекарданд, ки ба хазинаи тими олимпӣ 2 нишони яке нуқра ва яке биринҷӣ оварданд. Шукрона Шарифова дар сабқати таэквондо сазовори ҷойи севвум ва Баҳодур Қодиров дар гуштигирӣ соҳиби мақоми дуввум шуд. Тоҷикистон бо ин 2 нишон дар байни 89 тим дар мақоми 64-ум қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG