Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ярмаркаи мактабӣ: Нархҳои гаронтар аз бозор


Дар остонаи соли нави таҳсил дар ҳама шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишвар ярмаркаҳои либоси мактабӣ ташкил мешавад. Аммо дар бештари мавридҳо нархи либосу анҷоми мактабӣ дар ин ярмаркаҳо аз нархи бозор фарқе намекунад ва баръакс гаронтар аст.

Барои аввалин бор қадам ба саҳнаи мактаб гузоштан лаҳзаи ширину хушбахтӣ барои кӯдакон аст. Суруш низ бо як орзуву ҳавас дар бораи мактаб сӯҳбат мекунад ва аз он шод аст, ки барои ӯ падару модар либосу лавозимоти макатабиро харидорӣ кардаанд: «Барои ман падару модарам либосу сумкаву қаламу дафтар хариданд. Либосҳои ман аз акам хушрӯйтар аст. Маро очам мактаб мебарад. Мактаб ба ман маъқул аст. Хуб мехонам ва одами калон мешавам».

Шикоят аз гаронии нархҳо

Шаҳло Каримова, модари Суруши хурдсол, низ ба шодии писараш шарик аст, вале мегӯяд, рафтани писари чаҳорумаш ба мактаб боз ба мушкилоти зиндагиашон афзудааст: «Албатта хурсандии писараро мебинам ва ман низ хурсанд мешавам. Лекин ҳамин чор фарзандро гирифта бозор рафтам, нарху наво дар осмон, ҳама чиз қимат. Ярмарка мегӯянд, аммо қиматӣ. Барои ҳамин чор фарзандам 600–700 сомонӣ сарулибос ва лавозимоти мактабӣ харидам. Шавҳарам пулашро бо нӯги сузан ҷамъ кард, чи кор кунем. Шароит ва зиндагӣ вазнин».

Ин дар ҳолест, ки падари хонадон амаки Иброҳим дар завод кор мекунад ва аробаи рӯзгори ҳафт нафар аз аҳли хонаводаро бо 400 сомонӣ маош ба танҳоӣ мекашонад.


«Форма нахарӣ, мактаб намеравам!»


Барои Сумангули Давлат, сокини маҳаллаи Мавлонои шаҳри Душанбе низ соли нави таҳсилии имсол ба осонӣ даст надод. Чун ин зани танҳо ва саробони оила фарзанди панҷумашро ба мактаб мебарад ва духтараш Сабоҳат ду поро дар як мӯза гузошта ва талаб кард, ки мисли апааш Рафоат барои ӯ низ пироҳану подомани сафеди мактабӣ бихаранд.

Сумангули Давлат мегӯяд: «Нахарӣ, мактаб намеравам, кай ярмарка меравем?» гуфтанҳои духтарам маро безор кард. Баъд ҳамроҳ бо акаву апааш ба бозор рафтем. Як куртачаи духтарона 45 сомонӣ. Мактаб низ формаи ягона гуфта истодааст. Ба ғайр аз курта поҷомаи сиёҳ гирифтам, нархаш хеле қимат. Барои мо мардуми маошакӣ бисёр вазнин аст».

Сару либоси мактабӣ аз талаботе аст, ки вазорати маорифи Тоҷикистон дар соле пеш роҳандозӣ карда буд ва намудҳои он - ҳам миллӣ ва ҳам аврупоӣ - тавассути масъулони ин ниҳод таҳия шуда ва ба ҳама мактабҳо фиристода шудааст. Аммо дар дӯкону бозорҳо ва якмаркаҳои мактабӣ танҳо намуди аврупоии либоси мактабӣ, аз ҷумла шиму костюм, куртаи сафед ва галстук барои писарон ва пироҳани сафеду подомани сиёҳ барои духтаронро ёфтан мумкин аст. То кунун ҳеҷ як корхонаи дохилии Тоҷикистон дӯхтани либоси мактабиро ба роҳ намондааст, то ки мушкили сокинони кишварро дар ин замина осон кунад.

Ноилшо Нуралиев, масъули дафтари матбуоти вазорати маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, «талабот чун ду соли пеш аст. Тибқи дастурамали вазорати маориф, либоси ягонаи мактабӣ, ки соли 2007 таҳия ва қабул шуда буд, дар мактабҳо ҷорист. Албатта намудҳои либоси ягонаи мактабӣ гуногун аст, вале барои писарон шиму костюми сиёҳ, пироҳани сафед ва галстук ва дар рӯзҳои гармӣ бо пироҳану галстук ва барои духтарон пироҳани сафед ва поҷома ва ҳамчунин куртаҳои дароз дар назар дошта шудааст. Талабот ҳамон аст ва то ҳол тағйирот нашудааст».


Китобҳои гароннарх


Аммо чунин ба назар мерасад, ки омодагӣ ба мактаб, хариди либос ва анҷоми мактабӣ танҳо мушкили умдаи хонаводаҳо дар Тоҷикистон нест.

Шурӯъи соли таҳсил ва раванди он боз душвориҳои дигари молиеро барои волидайни мактаббачаҳо ба дунбол дорад. Иброҳим Исмоилов, сокини ноҳияи Рудакӣ дар ин бора мегӯяд, «сару либоси мактабиро коре карда харидем, аммо китоби дарсӣ проблема аст. Барои мисол ман, ки панҷ фарзанди мактабхон дорам, барои онҳо китоби дарсӣ лозим аст. Як китоб 15–20 сомонӣ арзиш дорад. Агар китобҳоро харидорӣ кунам ками дар кам 400–500 сомонӣ ва агар иҷора гирам, 200 сомонӣ даркор мешавад. Ин хеле вазнин аст ва имконияти молӣ надорам».

Дар даврони Шӯравии пешин мактабҳо барои хонанадгон китобҳои бепул медоданд, аммо ҳоло бархе китобҳо дар мактаб дастрас ҳам бошад, вале аз тариқи пардохти пул ба мактаббача дода мешавад ва барои ёфтани бақияи китобҳо падару модар дар дукону бозорҳо сарсону саргардон мешавад.

Пул барои буру журнал ва ... зодрӯзи муаллима

Бо шурӯъи соли нави таҳсил Шаҳло Каримова ва Сумангули Даврон барин модарони тоҷикро на танҳо пули хариди китоб, балки боз проблемаҳои дигари таҳсил, назири пули муаллим барои таҳсили фарзандашон, пул барои фаррош, буру журнали синф, иди «Алифбо», «Соли нав», таъмири мактаб ва ҳатто пул барои зодрӯзи муаллима ва чандин, ба истилоҳ, пулҳои дигар ба фикр водор кардааст.

Монанд ба Шаҳло Каримова ва Сумангули Даврон, ҳазорҳо хонаводаҳои серфарзанд дар Тоҷикистон ҳастанд, ки дар рӯ ба рӯи проблемаҳои мактаб қарор доранд. Зеро тибқи омори расмӣ, ҳоло беш аз 50 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон, хосса дар деҳот дар вазъи фақр ба сар мебаранд.

Дар ҳоле, ки сол аз сол мушкилоти марбут ба тараддуди мактаб дар Тоҷикистон зиёд мешавад, Шаҳло Каримова, сокини шаҳри Душанбе, аз ҳоло ба фикри мактаби фарзанди панҷумаш Меҳрноз аст, ки соли оянда ӯ низ ба синфи якум қадам мегузорад.
XS
SM
MD
LG