Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизҳо марз бо Тоҷикистонро тақвият бахшидаанд


Мақомоти марзбонии Қирғизистон мегӯянд, баъд аз фирори 25 зиндонӣ дар Тоҷикистон нерӯҳои ин кишвар назорати хатти марз бо Тоҷикистон ва гузаргоҳҳои сарҳадиро тақвият бахшидаанд. Чӯлпонбек Турусбеков- раиси ситоди хадамоти марзбонии назди Кумитаи амнияти Қирғизистон ба радиои Озодӣ гуфт:

" Баъд аз фирори зиндониён аз Душанбе нерӯҳои хадамоти марзбонӣ дар ҷануби Қирғизистон тақвият ёфтаанд ва дар ҳолати омодабош қарор доранд. Ба манзури ҷилавгирӣ аз вуруди ашхоси номатлуб ба қаламрави Қирғизистон марзбонон назорати убуру мурури шаҳрвандони ду самти марзро шиддат бахшидаанд".

Ба таъкиди Чӯлпонбек Турусбеков, миёни марзбонони қирғиз ва тоҷик дар робита бо авзои умумӣ ва раванди амалиёти боздошти 25 фирорӣ табодули иттилоъ низ вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG