Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 асари пулис ва тарҷумони онҳо дар Бодғис кушта шуданд


Ҳукумати Испания мегӯяд, як корманди пулиси афғон, ки давраҳои омӯзиширо сипарӣ мекард, ба сӯи устодони худ оташ кушодааст. Дар ин ҳодиса 2 афсари пулиси Испания ва тарҷумони испаниёии онҳо кушта шудаанд. Ин ҳодиса имрӯз дар наздикии пойгоҳи низомиёни Испания дар вилояти Бодғис рух додааст. Афсари пулиси Испания дар ҷавоб ба ин оташ ҳамлакунандаро ба қатл расондааст. Садҳо нафар афғонон баъд аз шунидани хабари куштори пулиси афғон дар атрофи пойгоҳи низомии Испания гирдиҳам омадаанд ва ба сӯи пойгоҳ сангандозӣ кардаанд. Мақомоти маҳалии Бодғис мегӯянд, имкон дорад афроди Толибон ба сафи нируҳои пулиси вилоят роҳ ёфтаанд. Толибон дар ин вилоят фаъол мебошанд.
XS
SM
MD
LG