Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз талоши фурӯши 2 кило уран дар Молдова


Пулиси Молдова гуфт, аз як гурӯҳи қочоқбарон наздики 2 кило урани навъи 238 мусодира кардааст. Сухангӯи вазорати умури дохилаи Молдова Чирил Мотпан гуфт, пулис дар иртикоби ин қазия 7 нафар, бо шумули мақомоти собиқи вазорати дохиларо боздошт кардааст. Мотпан гуфт, ки ин афрод қасд доштанд, ин маводи радиоактивиро ба қимати 9 миллион евро ба фурӯш бизананд. Ӯ афзуд, ки боздоштшудагон қаблан ҳам бо ҷурми ҳифзи маводи радиоактивӣ дар Молдоваву Русия ва дар Руминия маҳкум шудаанд.
XS
SM
MD
LG