Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виктор Бут шояд имрӯз ба Амрико мустарид шавад


Интизор меравад, Таиланд имрӯз, 25 август бо вуҷуди мухолифати Русия тоҷири маъруфи аслиҳа Виктор Бутро ба Амрико мустарид кунад. Бут ҳанӯз моҳи марти соли 2008 дар Таиланд боздошт шуд ва додгоҳ рӯзи 20 август ҳукми истирдоди ӯро содир кард. Мақомоти Амрико ин силоҳфурӯши русро ба ҷиноёти марбут ба терроризм айбдор мекунанд. Як иттиҳоми алайҳи Бут талоши харидории ду ҳавопаймои амрикоии “Боинг” тавассути ширкати “Самар Эйрлайнз”-и ӯст, ки дар Тоҷикистон сабтином шудааст. Виктор Бут зодаи Тоҷикистон аст. Мунтақидон ӯро “тоҷири марг” ном мебаранд. Корномаи ӯ мавзӯъи як филми маъруфи Ҳолливуд бо номи “Ҷангсолор” шудааст, ки дар он нақши асосиро ҳунарманди маъруф Николас Кейҷ бозӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG