Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сеяки артиши Олмон ихтисор хоҳад шуд


Давлати Олмон мехоҳад сеяки нирӯҳои мусаллаҳашро ихтисор кунад. Вазири дифоъи Олмон Карл-Теодор зю Гуттенберг тарҳеро ба парлумон пешниҳод кард, ки аз 252 000 сарбози феълӣ ба 163 500 нафар расондани ҳайъати Бундесвер, артиши Олмонро дар назар дорад. Тибқи ин барнома, хидмати ҳатмӣ низ лағв хоҳад шуд. Феълан мӯҳлати хидмати ҳатмии низомӣ дар Олмон 6 моҳро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG