Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 сарбози хориҷӣ дар Афғонистон


Бар асари силсилаи ҳамалоти ахир дар Афғонистон 5 сарбози хориҷӣ, бо шумули 2 амрикоӣ, 2 маллоҳи фаронсавӣ ва як зан аз Маҷористон кушта шуданд. Як афсару як сарбози фаронсавӣ дар вилояти Каписо ва сарбозхонуми маҷорӣ дар Бағлон ҷон бохтаанд. Дар ҳарду ҳамла сенафарии дигар аз нирӯҳои Фаронсаву Маҷористон ҷароҳат бардоштаанд.
Ба ҳисоби Асошиэйтед Пресс, ба ин тартиб, ҷамъи талафоти нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон танҳо дар моҳи август ба 47 нафар расид, ки 30 нафараш амрикоӣ будаанд. Франс Пресс мегӯяд, аз аввали сол дар ин кишвари ҷангзада беш аз 450 сарбози НАТО кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG