Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолати омодабоши нирӯҳои амниятиву марзбонии Тоҷикистон


Дар пайи ҳалокати 5 зиндонбон ва фирори 25 ҷангии исломӣ аз боздоштгоҳи кумитаи амниятии миллии Тоҷикистон, воқеъ дар ҳошияи боздоштгоҳи рақами яки Душанбе, нирӯҳои амниятиву марзбонии ин кишвар ба ҳолати омодабош оварда шудаанд.
Мақомоти Душанбе мегӯянд, дар роҳи таъқибу боздошти маҳбусони фирорӣ бо нирӯҳои амниятии Русияву Афғонистон ҳамкорӣ хоҳанд кард. 6 тани онҳо атбоъи Русия, 4 танаш аз Афғонистон ва бархе ҳам аз аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон будаанд. Александр Бортников, раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия гуфт, хадамоти вижаи Русия бо дастури раиси ин ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев ба мақомоти Тоҷикистон дар боздошти маҳбусони фирорӣ кӯмак хоҳанд расонд.
XS
SM
MD
LG