Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи соли нави таҳсил дар Ӯш ба таъхир меуфтад


Мелис Мирзоаҳмадов, мири шаҳри Ӯш, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон, изҳор намуд, ки шурӯъи соли нави таҳсил дар мактабҳо ва донишгоҳи шаҳр бояд ба таъхир гузошта шавад. Дар нишасти ҳукумати шаҳр ӯ изҳор намуд, ки барои таъмини амният, аз ҷумла, дар мактабҳову донишгоҳ, бояд ба шаҳр дасти кам 500 корманди иловагии полис интиқол дода шавад. Мири шаҳр афзуд, ки ӯ аз раисиҷумҳур Роза Отунбоева, ҳукумат ва вазорати умури дохилӣ хостори кӯмак дар таъмини амнияти Ӯш хоҳад шуд. Ва аммо Мирзоаҳмадов дар бораи кай шурӯъ шудани соли нави таҳсил чизе нагуфт. Аз ин пеш вазири маорифи Қирғизистон Канат Содиқов гуфта буд, ки соли нави таҳсил дар Ӯш таври маъмул, рӯзи 1 сентябр, оғоз меёбад.
Бар асари низоъ миёни ӯзбакову қирғизҳо дар Ӯшу Ҷалолобод, ки моҳи июн ба вуқӯъ пайваст, дасти кам 400 нафар кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG