Александр Бортников, раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия, имрӯз изҳор намуд, ки Маскав ба мақомоти Тоҷикистон барои боздошти маҳбусони фироркарда кӯмак хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, раисиҷумҳур Дмитрий Медведев ба сохторҳои қудратии кишвар амр кардааст, ки бо мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ ва дастгир кардани маҳбусони фироркарда ҳамкорӣ намоянд.
Ҳукумати Тоҷикистон аз мақомоти Русия ва Афғонистон хостааст, ки дар боздошти маҳбусони аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ фироркарда кӯмак расонанд. Генерал-майор Қосимҷон Ғаффоров, муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки миёни фироркардаҳо шаш шаҳрванди Русия ва ду шаҳрванди Афғонистон низ ҳастанд. Ӯ афзуд, ки аксҳои ҳамаи маҳбусони фироркарда ба шӯъбаҳои милисаи сартосари Тоҷикистон фиристода шудааст. Ин аксҳо дар барномаҳои хабарии шомгоҳии шабакаҳои телевизионии кишвар ҳам нишон дода хоҳанд шуд. Мақомоти Тоҷикистон ҳадс мезананд, ки маҳбусони фирорӣ барои пайдо кардани паноҳгоҳ дар ноҳияи Тавилдара, воқеъ дар 200 километрии шарқи Тоҷикистон, талош хоҳанд кард.
Айни ҳол дар ҳама роҳу шоҳроҳҳо постгоҳҳои иловагии милиса таъсис шуда, ҳама мошинҳо тафтиш карда мешаванд. Бо амри раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ситоди фаврӣ таъсис шудааст, ки ба он вазири умури дохила Абдураҳим Қаҳҳоров раҳбарӣ мекунад.
Шаби гузашта бар асари бемасъулиятии нозирон 25 маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирор карданд. Ба иттилоъи расмӣ, ҳангоми фирор онҳо як нозири ин боздоштгоҳ ва чаҳор нозири боздоштгоҳи муваққати вазорати адлияро ба қатл расонидаанд.