Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон киштиҳои муосири низомӣ месозад


Расонаҳои Эрон дар бораи шурӯъи сохтмони ду киштие хабар доданд, ки аз онҳо метавон мушакҳои болдорро партоб кард. Хабаргузории давлатии ИРНА гуфтаҳои вазири дифоъ Аҳмад Воҳидиро овардааст, ки “артиши Эрон бояд тавони таъмини амният дар халиҷҳои Форсу Уммон ва гулӯгоҳи Ҳурмузро бояд дошта бошад”.
Низомиёни воломақоми эронӣ мегӯянд, ки киштиҳои нав ҳам барои назорати марзҳои обӣ ва ҳам дар амалиёти низомии эҳтимолӣ истифода хоҳанд шуд.
Дирӯз Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, эълом дошт, ки кишвараш нақша дорад ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин тавлид кунад.
XS
SM
MD
LG