Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу расидан ба сулҳро "мушкил, вале мумкин" хонд


Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу расидан ба қарордоди сулҳ бо фаластиниҳоро коре “сахт, вале мумкин” хонд. Ӯ дар ҷаласаи кобинаи вазиронаш гуфт, фаластиниҳо бояд Исроилро ҳамчун давлати мардуми яҳудӣ бипазиранд ва амнияти он бояд замонат дода шавад. Музокироти мустақими байни ин ду ҷониб баъд аз 20 моҳи фосила, қарор аст, дар авоили сентябр дар Амрико аз сар гирифта шавад. Аммо бар сари масоили калидие, чун шаҳраксозиҳо, мақоми Байтулмуқаддас ва ҳаққи паноҳандагон барои бозгашт байни ҷонибҳо ихтилофи ҷиддии назар боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG