Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дар бораи Ироқ суханронӣ хоҳад кард


Мақомоти Амрико мегӯянд, раиси ин ҷумҳурӣ Барак Обама баъд аз бозгашташ ба Вошингтон аз рухсатӣ дар масъалаи Ироқ як суханронии густарда хоҳад кард. Мақомоти аршади маъмурияти ӯ бидуни бурдани ном гуфтаанд, ки ин суханронӣ ба муҷарради рӯзи 29 август аз рухсатиаш дар аёлати Массачусетс баргаштани Обама ироа хоҳад шуд. Дар ҳафтаи гузашта Амрико хуруҷи нирӯҳои ҷангиаш аз Ироқро ба поён расонд. Вале ҳудуди 50 000 сарбози амрикоӣ то поёни соли оянда ба хотири тамрини нирӯҳои ироқӣ ва кӯмак ба онҳо дар Ироқ хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG