Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми коргарони бандшудаи кони Чилӣ баъд аз 17 рӯз


Дар Чилӣ 33 коргари кон, ки 17 рӯз боз дар умқи як кони тилову мис банд мондаанд, аз зинда будани худ дарак додаанд. Наҷотдиҳандагон ба умқи 700-метрии кон паём фиристоданд ва дирӯз аз он ҷониб паёми хаттӣ дарёфт карданд, ки ҳамаи 33 коргари бандмонда зинда буда, ҳамроҳ дар як хаймаи изтирорӣ ҷамъ омадаанд. Наҷотдиҳандагон аммо мегӯянд, берун кашидани онҳо аз банд метавонад то 4 моҳи дигарро дар бар бигирад. Феълан талош доранд, барои онҳо обу ғизо, оксиген ва дигар лавозимот ирсол кунанд.
Ин коргарон рӯзи 5 август дар умқи 450-метрии кони Сан-Эстебан, дар ҳошияи шаҳри Копиапо машғули истихроҷи маъдан буданд, ки баногоҳ бораи кӯҳ болояшон фурӯ рафт.
XS
SM
MD
LG