Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Дандонги Чин 94 000 нафар аҳолӣ кӯч дода шуданд


Ҷорӣ шудани селоб ба шаҳри Дандонги Чин мақомоти ин кишварро водор кардааст, ки 94 000 нафар сокинони ин шаҳрро ба ҷойҳои дигар кӯч диҳанд. Баъд аз бориши боронҳои шадид рӯдхонаи Ялу саршор шуд ва об аз рӯдхона берун рафт. Матбуоти давлатии Чин хабар додааст, ки гурӯҳҳои кӯмак миёни Дандонг-минтақаи пешрафтаи иқтисодии Чин ва рӯдхона обрави дигар дуруст кардаанд. Дар ин рӯзҳо дар ин минтақаи ҳаммарз бо Кореяи Шимолӣ бориши боронҳои бештар дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG