Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти рустаборони Шаҳритус


Анастасия Сераштан-хонуми рустабор аз Шаҳритус
Анастасия Сераштан-хонуми рустабор аз Шаҳритус

Ҷомеаи рустаборони ноҳияи Шаҳритус, дар 230-километрии ҷануби шаҳри Душанбе, аз сахтии рӯзгори намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, бавижа русҳо, ҳоли хароби ягона қабристони маҳаллии масеҳӣ ва бекорию поймол шудани ҳуқуқи рустаборон ба кору меҳнат изҳори нигаронӣ мекунад.

Анастасия Сераштан, аз рустаборони ангуштшумори ноҳияи Шаҳритус аст, ки мегӯяд, кор дар ягона ибодатгоҳи масеҳиёни инҷилӣ манбаъи аслии даромади хонаводааш мебошад.

Светлана Пономарёва-хонуми рустабор аз ноҳияи Шаҳритус
Бекорӣ-мушкили асосии ақалиятҳои этникӣ


Вай мегӯяд, пас аз 20 соли фаъолияти содиқона дар муассисаи фурӯши барқи ноҳия, раҳбаронаш ӯро аз кор ихроҷ карданд.

Ҳамсари бознишастаи ӯ ҳам дигар тавони кору фаъолият ва таъмини хонаводаро надоштааст.

Биноан, хонум Сераштан дар ибодатгоҳи мазкур ба ҳайси фаррош ба кор даромада ва ҳоло барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои оилааш моҳона 50 сомонӣ, муодили чизе аз пеш 11 доллар ба даст меорад.

«Баъди 20 соли фаъолият дар ширкати «Барқи тоҷик» маро аз кор берун карданд. Шояд дигар мо нодаркор шудем. Акнун мушкили аслии мо ин аст, ки бояд барои шахсӣ кардани манзили зистамон маблағ ёбем. Ин хонаи хизматӣ буд, ки солҳои зиёд дар он иқомат доштем ва ба мо гуфтанд, ки агар хусусӣ накунед, онро бояд холӣ кунед.

Барои хусусӣ кардани манзил ҳудудан се ҳазор доллари амрикоӣ лозим аст, ки бо 50 сомонии ҳақмузд ҳеҷ имкони ҷамъоварии ин миқдор маблағро надорем. Писарам ҳам бекор аст, ҷойи кори мувофиқ пайдо карда наметавонад. Дар ноҳияи мо танҳо як корхонаи коркарди пахта ҳаст, аммо барои соҳиби кор шудан дар ин завод пардохти маблағҳои калони ришват зарур меояд…»

Вазъи риққатбори рустаборон

Дар ноҳияи Шаҳритус ҳоло тақрибан 25 хонаводаи масеҳиён ба сар мебаранд. Аксари кулли онҳо рустаборанд ва шуғли муносибе надоранд. Пас аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ, бахши аъзами русҳо тарки ин диёр карда, танҳо афроди бознишаставу нодор дар Шаҳритус мондаанд.

Ба иттилои ҷамъияти рустаборони ноҳия, ҳақмузди бознишастагии масеҳиёни маҳаллӣ ҳудудан аз 60 то 80 сомониро ташкил медиҳад, ки барои хариди маводи ғизоӣ ва дорувор кифоят намекунд.

Биноан занони солманди рус дар ивази кӯмакҳояшон дар умури хонагии оилаҳои тоҷик, аз онҳо маводи ғизоӣ, нону кулча, равғану шакар ва гоҳе ҳам пул дарёфт мекунанд.

Светлана Пономарёва, зани 55-солаи рустабор мегӯяд, манзили шахсӣ надорад ва ҳоло ҳамроҳ бо писараш дар хобгоҳи омӯзишгоҳи ноҳия ба сар мебарад.

«То чанд сол пеш мо хонаи худро доштем. Аммо ҳукумати маҳаллӣ ба сабаби ин, ки гӯё манзили мо рӯйи «хатти сурх» қарор дорад, онро тахриб ва моро роҳии хобгоҳ намуд. Акнун ҳукумат қароре содир кард, ки тибқи он мо бояд дар ҳамин хобгоҳ доимӣ истиқомат кунем, зеро ҳукумат моро наметавонад дар ивази хонаи харобшудаамон манзили наве тақдим кунад».

Хонум Пономарёва ба сабаби сангинии вазъи зиндагии хонаводааш ва аксари кулли масеҳиёни ноҳияи Шаҳритус, аз ҳукумати маҳаллӣ хостори кӯмакҳои иҷтимоӣ шудааст. Вай мегӯяд, дар Шаҳритус куҷо аз мавқеъ ва дастгирии рустаборони барҳаёт сӯҳбат метавон кард, ки ҳатто ягона қабристони масеҳиён ҳам ҳоли харобу ҳузнангезе дорад.

«Қабристони масеҳиёнро шинохта намешавад. Тамоми салибҳои рӯйи қабр дуздида, сангҳояш шикаста шудаанд. Одамон ҳатто панҷараҳои атрофи онро канда, оҳанашро мефурӯшанд. Чорвои хонагӣ қабристонро зер мекунад, одамон партовҳояшонро ҳам бурда, дар атроф ва дохили он меандозанд, ки ин аз рӯйи инсоф нест. Мо чанд карат масъалагузорӣ кардем, аз пешвоҳои исломӣ ва домуллоҳо, аз ҳукумат хостем, ки барои нигоҳ доштани ҳамин қабристон мусоидат кунанд, пеши роҳи беэҳтиромиҳо нисбат ба пайравони дини мо ва мурдаҳоро бигиранд...»

Лутфия Ҷӯраева-ҷонишини раиси ноҳияи Шаҳритус
Ҳукумати маҳалӣ аз вазъи аққалиятҳо қаноъатмандӣ мекунад

Ин ҳама дар ҳолест, ки Лутфия Ҷӯраева, муовини раиси ноҳияи Шаҳритус, мегӯяд, ҷамъияти рустаборони ноҳия бидуни мушкилот фаъолият дошта, ҳуқуқи масеҳиёни маҳаллӣ барои кор, соҳибкорӣ ва ибодаташон аз сӯйи тамоми ниҳодҳои ҳукуматӣ риоят ва таъмин мешавад.

Вай мегӯяд, аз ҷониби ҷамъияти рустаборон дар робита ба нақзи ҳуқуқашон бар асари мансубияти қавмию нажодӣ ва динӣ шиквае расмӣ ё пешниҳоду дархосте ба ҳукумат нарасидааст.

Бо ин ҳама, Светлана Пономарева, сокини рустабори Шаҳритус мегӯяд, бисёре аз рустаборон ба сабаби бекорӣ ва сахтии рӯзгор ба қасди Русия, тарки Тоҷикистон кардаанд ва дар сурати ислоҳ нашудани авзоъ, шояд насли миёнасол ва ҷавонони камшумори рус ҳам ба Русия ҳиҷрат кунанд.

Рустаборон тарки Тоҷикистон мекунанд

Александр Пономарев, ҷавони 20-солаи рус, ки низ ба таъмиру тармими бинои ибодатгоҳи масеҳиёни инҷилӣ машғул аст, мегӯяд, борҳо шуда, ки тасмими тарки Тоҷикистонро гирифта, аммо дар Русия ҳам ҷавонони рустабори тоҷикистониро чандон хуш қабул намекунанд. Ба гуфтаи Александр, дӯстони рустабори тоҷикистониаш, ки феълан дар Русия ба сар мебаранд, ба ӯ гуфтанд, ки русҳои муқимӣ ҳамзабонони муҳоҷиршударо «русҳои тоҷикшуда» ном мебаранд:

«Ҳоло ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунам, ҳоло ки имкони таъмини рӯзгор ҳаст, намехоҳам тарки ватан кунам. Ман дар ибодатгоҳ кор мекунам, моҳе тақрибан 200 сомонӣ ҳақмузд мегирам, ки дар шароити ноҳия басанда аст. Албатта, мехостам, ки соҳиби маълумоти олӣ ҳам шавам, аммо имконоти молиамон маҳдуд аст. Барои дохил шудан ба донишгоҳ, пӯшида нест, ки маблағҳои ҳангуфт лозим аст…»

Ба гуфтаи Александр, мушкили аслии ҷавонони рустабор, ба мисли ҷавонони тоҷик, маҳдудияти шомилшавӣ ба донишгоҳҳо бар асари фасодзадагӣ ва бекорӣ мебошад.

Аз ин хотир, бисёре аз масеҳиёни маҳаллӣ барои кор ва дарёфти қути лоямут ба ягона ибодатгоҳи худ меоянд.

Ибодатгоҳи масеҳиёни инҷилӣ дар ноҳияи Шаҳритус, ки аз кӯмакҳои баъзе созмонҳои хайриявӣ бархӯрдор аст, ҳоло ба коргоҳ ва таъминкунандаи рӯзгори аксари кулли рустаборони маҳаллӣ табдил ёфтааст.
XS
SM
MD
LG