Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмондиҳандаи бамгузориҳои Маскав кушта шуд


Кумитаи миллии зиддитеррори Русия мегӯяд, нируҳои амниятӣ дар Қафқози Шимолӣ Муҳаммад Алӣ Ваҳҳобов -яке аз шӯришёни саршиносро, ки ба гумони ғолиб созмондиҳандаи бамгузориҳои моҳи марти соли ҷорӣ дар ду истгоҳи метрои Маскав буд, ба қатл расондаанд. Сухангӯи ин кумита гуфтааст, ҷасади Воҳҳобов дар зери оворҳои хонае дар деҳаи Гуниби Доғистон пайдо шудааст, ки нируҳои амниятӣ ба он ҳамла бурдаанд. То ҳол нируҳои амниятии Русия Ваҳҳобовро ҷустуҷӯ мекарданд. Ҳар ду бамгузории интиҳориро 29-ӯми март дар Маскав ду хонум анҷом дода буданд, ки дар натиҷа 40 нафар кушта, бештар аз 100 нафар ҷароҳат бардоштанд. Бино ба хабарҳо, Ваҳобов шавҳари яке аз онҳо будааст.

XS
SM
MD
LG