Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғайричашмдошт кушта шудани 3 корманди пулиси афғон


Паймони НАТО мегӯяд, нируҳои эътилоф дар як амалиёт ғайричашмдошт 3 корманди пулиси Афғонистонро куштаанд. Нируҳои НАТО гуфтаанд, нируҳои амниятии Афғонистон, ки дар вилояти Ҷузҷон таҳти оташи нируҳои номаълуми шӯришӣ қарор гирифтаанд, аз нируҳои НАТО кӯмаки ҳавоӣ хостаанд. Ба кӯмаки онҳо ду чархбол фиристода шудааст. Баъдтар маълум шуд, ки дар оташи чархболҳо 3 корманди пулиси афғон низ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG