Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши шунавандагони радио


Муовини раиси идораи радио ва телевизиони Бадахшон Баҳодур Саодатшоев дар мулоқот бо раиси вилоят масъалаи ба таври иҷбори обуна намудани кормандони идораву муассисаҳоро ба радио миён гузошт.

Баҳодур Саодатшоев нигарон аст, ки бинобар имконоти маҳдуди техникӣ, ҳамагӣ 14 фоизи аҳолӣ ба мавҷи барномаҳои радиои вилояти дастрасӣ доранд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар аксари кулли идораву муассисаҳо нуқтаҳои радио фаъолият намекунанд.

Вай афзуд, дар чунин ҳолат, самараи ҳайати эҷодии радио, беҳуда меравад ва пешниҳод кард, ки дар қатори обуна ба нашрияҳо, мақомот бояд идораву муассисаҳоро муваззаф созанд, ки нуқтаҳои родиёро фаъол созанд.

Аммо сардори корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» Мансур Ғарибмамадов мегӯяд, ки онҳо таҷрибаи обунакунӣ ба радиоро надоранд ва аз сӯи дигар бинобар вазъи душвори молиявии идораву муассисаҳо, дар соли равон хонандагон ҳамагӣ ба 18 ҳазор нусха рӯзномаву маҷаллаҳо обуна шуданд, ки ин фақат ба 70 дар сади нақшаи обунашави баробар будааст.

Доираи родиё танг шудааст

Ба гуфтаи журналист Лутфишои Додо, мавқеъи радио дар Бадахшон дар ҳоле танг шудааст, ки «рӯзномаи бекоғаз ва бемасофа» дар шароити куҳистон муҳимтарин воситаи иттилоърасонӣ ба шумор мерафт ва пештар қариб дар ҳар як хона ва дар ҳар як идора радио садо медод.

Вай гуфт, агар барои паҳн намудани матбуот дар шароити дурафтодагии навоҳии вилоят соатҳо ва рӯзҳо лозим меоянд ва густариши телевизион дар минтақа ба даҳсолаҳои охир бармегардад, радио дар кӯҳистон ҳанӯз аз солҳои 1930 садо дод ва дар байни мардум зуд маҳбубият пайдо кард.

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Майсара Дилдорова ёдовар мешавад, ки шефтаи овози хуши ровии радио Бовар Хусравов гардида, ин дилбастагӣ ба заношӯияшон анҷомид ва зиёда аз 40 сол боз бо ҳаёти хуши оилавӣ ба сар мебаранд.

Сокини ноҳияи Роштқалъа Бозича Гулшаев мегӯяд, ки бисёр сокинони куҳансоли маҳалоти Бадахшон ҳоло низ ба радио дилбастагии зиёд доранд ва агарчанде садои радио хонагиашон кайҳо хомӯш шудааст, аммо радиоҳои қабулкунандаи мавҷро дар бағал доранд ва бо мароқ гӯш мекунанд.Зеро радио имконияти бештари пешниҳоди барномаҳои рангинро дорад.

Аммо ба фикри Далер Мулкамонов, корманди як муассиса дар Хоруғ, ба дунболи тахрибшавии шабакаи радиои дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, анъанаи гӯш кардани радио торафт аз байн меравад ва аз сӯи дигар, мардум ҳанӯз ба хариди радиоҳои мавҷӣ одат накардаанд.

Ба фикри хабарнигори радиои Бадахшон Лайло Нафасшоева, эҳсоси маҳрумияти шунавандагон аз барномаҳо ба далели имушкилоти фаннӣ ба кайфияти кори ҳайати эҷодиии радио низ таъсир мегузорад ва мурғи илҳомашонро паршикаста мекунад.

Ба гуфтаи Лутфишои Додо, маҳдуд будани доираи пахши барномаҳои радио ва телевизиони вилояти сабаб шудааст, ки дар мавриди инъикоси ҳаводис «бозорпресс» дар фазои иттилоотии минтақа ташаббусро ба даст бигирад. Вай афзуд, дар ин ҳолат, ҳаводис даҳон ба даҳон ва аз як маҳал ба маҳали дигар ба шакли таҳрифшуда мерасанд.

Сардабири рӯзномаи «Нақлиёт» Ато Мирхоҷа нақл мекунад, ки дар интихоботи моҳи феврал ду нафар номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон ду рӯз қабл аз баргузории интихобот номзадиашонро бозпас гирифтанд. Аммо бинобар холигоҳи иттилоотӣ, мардуми бехабармондаи деҳоти дурдасти ноҳияи Шуғнон, ба ҷонибдории ин номзадҳо, ки номашон ҳанӯз да баргҳои раъйдиҳи монда буд, овоз доданд.

Мардум радиоҳои берунмарзиро бештар гӯш мекунанд

Ба гуфтаи Лутфишои Додо, маҳдудияти имконоти фаннии интишороти барномаҳои вилоятии радио ва телевизион боис шудааст, ки ба вижа сокинони деҳоти дурдаст дар мавриди дарёфти хабарҳои минтақавӣ низ бештар ба радиоҳои бурунмарзӣ гӯш фаро медиҳанд.

Ба иттилоъи сардори маркази техникии пахши барномаҳои радио ва телевизион дар Бадахшон Маъқулшо Маъқулшоев, айни ҳол мавҷи барномаҳои радиои вилояти фақат дар Хоруғ ва деҳоти наздик ба он паҳн мешаванд. Вай гуфт, ки аммо барои насб кардани фиристандаҳои мавҷӣ дар Бадахшон масрафи болиғ бар 4 миллион сомонӣ зарур аст.

Вай гуфт барномаҳои радиои ҷумҳуриявиро ба ғайр аз Хоруғ дар маркази ноҳияҳо ва бархе аз деҳот мешунаванд ва 60 дар сади шунавандагон имкони дастраси ба онҳоро доранд. Гуфта мешавад доираи густариши барномаҳои телевизиони ҷумҳурияви чун шабакаи аввал ба 99 дарсад ва шабакаи «Сафина» ба 87 дар сад расидааст.
XS
SM
MD
LG