Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Русия ба ҳукми истирдоди Виктор Бут


Русия ба ҳукми додгоҳи Таиланд, ки истирдоди қочоқбари маъруфи силоҳ Виктор Бут ба Амрикоро иҷозат дод, эътироз кардааст. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров, ки дар Ереван сӯҳбат мекард, гуфт: “Мо аз ин қарори, ба назари ман, ғайриҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ки додгоҳи таҷдиди назари Таиланд содир кард, изҳори таассуф мекунем. Тибқи маълумоте, ки мо дорем, ин қарор таҳти фишори хеле шадиди сиёсӣ аз хориҷ содир шуд ва ин таассуфовар аст.”
Лавров гуфт, ки Маскав ҳамчунон дар пайи раҳоӣ ва ба Русия баргардондани Бут аст. Виктор Бут зодаи Тоҷикистон аст ва Амрико ӯро ба даст доштан дар чанд мавриди қочоқи мақодири бузурги аслиҳа айбдор мекунад.
XS
SM
MD
LG