Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исми барандаи тендери Роғунро эълон намекунанд


Ожонси хариди мол, кор ва хидматрасонии назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки исми барандаи тендер барои харидории таҷҳизоти нирӯгоҳи Роғунро эълон нахоҳад кард. Равшан Каримов, муовини раиси ин ожонси давлатӣ ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, ин тендер ҳанӯз рӯзи 26 июл бо иштироки 6 ширкати ватанӣ - “Трайко”, “Чашмасори Сомониён”, “ТК Ориён интернешнл”, “Хуршеди Хоразм”, “Восток АСХТТ” ва “Кӯҳдоман” - доир шуд, вале ба хотири пешгирӣ аз бурузи мушкилот дар роҳҳои оҳани Узбакистон дар роҳи транзити бор ба ин иншооти муҳим, онҳо аз ифшои номи ширкати баранда худдорӣ мекунанд. Оқои Каримов гуфтааст, ки мақомоти Узбакистон метавонанд транзити чунин борро иҷозат надиҳанд. Аммо Абдусаттор Саъдуллоев, як масъули ин идора ба РО гуфт, исми баранда ва номгӯи мол бо хоҳиши худи ширкат эълон намешавад.
Дар ин тендер рақобат барои харидории 43 навъи таҷҳизот ба маблағи наздики 8 миллион сомонӣ будааст, вале ширкати баранда гуфтааст, ки ин ҳамаро ба ивази 6 миллиону 132 000 сомонӣ хоҳад харид.
Аз фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун то кунун ҳудуди 820 миллион сомонӣ ба даст омада, аз ин маблағ 40 миллион доллараш барои харидории ду гидрогенератор ба корхонаи “Электротяжмаш”-и Украина пардохт мешавад.
XS
SM
MD
LG