Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди замони иҷораи пойгоҳи Гумрӣ то соли 2004


Рӯзи ҷумъа Арманистону Русия дар ҳузури раҳбарони ҳарду кишвар Серж Саркисиён ва Дмитрий Медведев ба қарордоде имзо гузоштанд, ки замони иҷораи пойгоҳи Гумриро то соли 2044 тамдид мекунад. Русия ин пойгоҳро соли 1995 барои 25 сол иҷора гирифта буд.
Серж Саркисиён ба дунболи имзои ин қарордод гуфт: “Бо ин протокол нафақат замони ҳузури пойгоҳи Русия дар Арманистон тамдид шуд, балкӣ доираи масъулияти ҷуғрофиву стротежии ин пойгоҳ низ густариш меёбад.”
Ин тавофуқ зоҳиран нигаронии Озарбойҷони ҳамсояро, ки бо Арманистон бар сари вилояти ҷудоихоҳи Қаробоғаш баҳси қадим дорад, ба бор хоҳад овард.
Ереван ҳамчунин қарордоди эҳдоси ду реактори нав дар нирӯгоҳи ҳастаиии аз Шӯравӣ бозмондаашро низ ба Русия дод.
XS
SM
MD
LG