Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи 460 миллион доллар кӯмак ба Покистон


СММ зоҳиран дар пайи ваъдаи маблағгузории бештари Амрикову кишварҳои дигар ба ҳадафаш – ҷамъоварии ваъдаи 460 миллион доллар кӯмаки изтирорӣ ба мардуми аз обхезиҳо осебдидаи Покистон - ноил хоҳад шуд. Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун дар иҷлоси изтирории Маҷмаъи умумӣ обхезиҳои Покистонро ба як “сунамии оҳиста” монанд кард.
Вазири хориҷаи Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ дар пайи иҷлоси гуфт, ки ӯро итминони хотир додаанд, ки ин 460 миллион доллар кӯмак “ба осонӣ” ҷамъ хоҳад шуд. Обхезиҳои Покистон ба тақрибан 20 миллион нафар осеб расонданд.
Кӯмаккунандаи асосӣ Амрикост, ки ваъдаи боз 60 миллион доллар ёрии дигар кардааст. Ба ин тартиб, ҷамъи ёриҳои Амрико ба Покистон ба 150 миллион доллар хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG