Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори ташвиши RSF аз тақдири 2 хабарнигори узбак


Созмони “Хабарнигорони бидуни марз”(RSF) дар бораи сарнавишти ду хабарнигори узбак, ки аз замони даргириҳои қавмии моҳи июн дар шаҳри Ҷалолобод, дар ҷануби Қирғизистон, боздошт шудаанд, изҳори нигаронӣ кард. RSF дар баёнияаш гуфт, Улуғбек Абдусаломов, сардабири нашрияи мустақили “Дийдо” ба иттиҳомоте, чун ифротгароӣ, таҳрики адовати қавмӣ, ташкил ва ширкат дар ошӯбҳои оммавӣ ва ҷудоихоҳӣ рӯбарӯ шудааст. Ахиран Абдусаломовро ба иллати дарди қалб ба бемористон бурдаанд, вале ӯ ҳамоно таҳти назорати пулис қарор доштааст.
Хабарнигори дуввуми боздоштшуда Азимхон Аскаров, ки барои сомонаи интернетии “Ҳуқуқ барои ҳама” гузориш менавишт, ба таҳрики тазоҳургарон ба хушунат айбдор мешавад. Бино ба хабарҳо, ӯ дар боздошт латукӯб низ шудааст.
“Афви байналмилалӣ” ҳардуро маҳбуси ақидатӣ номидааст.
Дар ҷараёни даргириҳои қавмии моҳи июн байни узбакҳову қирғизҳо дар вилоёти Ӯшу Ҷалолобод дар ҷануби Қирғизистон дастикам 379 нафар кушта ва садҳо ҳазор беҷо шуданд.
XS
SM
MD
LG