Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи изтирории СММ дар мавзӯи Покистон


Дар ҷаласаи фавқулодаи Созмони Милал дар робита ба зарурати афзоиши кӯмак ба мардуми офатзадаи Покистон, Дабири кул Бан Ки-мун аз ончӣ дар сафари Покистон дидааст, гузориш дод ва кӯмакҳои ҷомеаи ҷаҳониро нокофӣ номид. Вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон дар ин ҷаласа гуфт:

"Аз номи раисиҷумҳур Обама ва аз номи мардуми Амрико мехоҳам қатъияти давлати худро дар имдоди фаврӣ ба Покистон дар робита ба ин бӯҳрон ва эҳёи кишвар иброз дорам. Мехоҳам, мардуми Покистон бидонанд, ки Иёлоти Муттаҳида дар давраи ин бӯҳрон дар паҳлуи онҳост ва бо обхезию фурӯнишини он бо шумо хоҳем буд, дар эҳёи киштзорону роҳҳо бо шумо хоҳем буд. Мо дар даврае, ки шумо бо душвориҳои дарозмуддати бунёди як кишвари қавӣ ва ояндаи беҳтари он рӯбарӯ мешавед, низ бо шумо хоҳем буд."

Пештар хонуми Клитон гуфт, Вошингтон кӯмакаш ба Покистонро то 150 миллион доллар афзоиш хоҳад дод. Бар асари сел дар Покистон 1600 нафар кушта ва 20 миллион нафар осеб дидаанд.
XS
SM
MD
LG