Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли эҳёи муколамаи Исроил ва фаластиниҳо


Ҳукумати президент Обама мегӯяд, ба созиши эҳёи гуфтушунидҳои мустақим байни Исроил ва маъмурияти худгардони Фаластин наздик шудааст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Филип Кроулӣ ба хабарнигорон гуфт, ин созиш "хеле ва хеле наздик аст", аммо ҷузъиёти он ҳанӯз кор мехоҳад. Дар ин байн, дар Ховари Миёна, мақомоти исроилӣ ва фаластинӣ аз ҳама гуна шарҳи ин хабар худдорӣ карданд ва мегӯянд, танҳо пас аз эъломияи расмӣ изҳори назар хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG