Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмато ҷашнвораи "Битлз" баргузор мешавад


Ба муносибати 50-солагии таъсиси дастаи машҳури "Битлз" дар шаҳри Алмато ҷашнвораи ҳаводорони мусиқии ин гурӯҳ баргузор мешавад. Сафири Бритониё дар Қазоқистон, Дейвид Моран, ки аз ин ҷашнвора ҳимоят мекунад, гуфтааст, худ шахсан дар консерт яке аз таронаҳои машҳури "Битлз"-ро хоҳад сароид. Ҳамзамон бо ин ва ба муносибати 70-солагии бунёдгузори дастаи таърихӣ Ҷон Леннон дӯстдорони мусиқӣ дар Алмато 70 ниҳол мешинонанд ва онро растаи Леннон ном мениҳанд. "Битлз" дастаест, ки 50 сол пеш дар Бритониё зуҳур карда, мусиқии попи ҷаҳонро бо инқилобе рӯбарӯ сохт.
XS
SM
MD
LG